ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон додрасҳои вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанберо ба далели расидан ба синни ниҳоии дар вазифа будан барканор кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ғуломзода Маҳмуд Худойназар аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Воситзода Анвар аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд, Исозода Мухтор аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд", —омадааст дар фармони раисҷумҳур.
Моҳи апрели соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон додрасҳои чанде аз ноҳияҳои Суғду Хатлону Бадахшонро ҷо ба ҷо карда буд.