Дар Душанбе Рӯзи ҷавонон чигуна таҷлил мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе тамоми рӯз-Рӯзи ҷавононро бо барномаҳои консертӣ таҷлил мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ба муносибтиа Рӯзи ҷавонон дар чор ноҳияи Душанбе барномаҳои фароғатӣ-фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Соати панҷ дар назди бинои Сирки давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, дар боғи ба номи Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар майдони "800-солагии Маскав" ноҳияи Шоҳмансур ва дар боғи ба номи Мироненкаи ноҳияи Сино барномаҳои консертӣ оғоз мешаванд.

Раджаббой Ахмадзода председатель Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ба 130 донишҷӯи фаъол стипендия дод

Дар "Боғи Ирам" оғоз аз соати 9 барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори таҷлили Рӯзи ҷавононро соли 1997 қабул карда буд.

Оғоз аз он сол дар Тоҷикистон рӯзи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

Маъмулан дар ин рӯз сабқатҳои варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд. Ҳадафи аслӣ аз таҷлили ин ҷашн-ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти насли ҷавони кишвар мебошад.

Соли гузашта рӯзи 22 май ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар майдони марказии Душанбе шоу баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0