Раҳбарони мақомоти низомии ИДМ дар Петербург мулоқот карданд

© Sputnik Символ СНГ, архивное фото
Символ СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи сарони мақомоти амниятӣ ва иттилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қиғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Роҳбарони мақомотҳои амниятӣ ва итилоотии кишварҳои ҳамсуд дар ин ыаласа тасмим гирифтанд, ки ҳамкориро барои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмро фаъолтар намоянд, иттилоъ додааст Созмони иттилоотии хориҷии Русия.

"Дар поёни ҷаласа ёддошти тафоҳум имзо шуд. Тибқи санади мазкур мақомотҳои амниятӣ тасмим гирифтаанд ҳамоҳангии худро дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизмӣ динӣ сахтар кунанд.

Инчунин тибқи санади мазкур мақомотҳои амниятӣ бояд мубодилаи иттилоотро васеъ намуда, шаклу роҳҳои ҳамкории мақомотҳои амниятии миллӣ барои пешгирии хатарҳои дохилӣ ва беруна, ки ба манфиатҳои муҳими кишварҳои ҳамсуд вобастагӣ дорад густариш диҳанд", — иттилоъ додааст манбаъ.

Дар кори ҷаласа роҳбарони мақомоти амниятӣ ва иттилотии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок намудаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0