ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Идораи мусулмонони Узбакистон Раҳимбердӣ Раҳмоновро ба ҷои Анвар-қорӣ Турсунов иҷрокунандаи муваққатии вазифаи имом-хатиби Тошканд таъйин кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти созмони динӣ.
Ин тасмим ба бемории имом-хатиби асосӣ Турсунов рабт дорад, чун дар моҳи шарифи Рамазон ҳаҷми чорабиниҳои хайриявӣ зиёд мегардад.
Қайд мешавад, ки Турсунов моҳи апрели соли равон ба сактаи дил гирифтор шуд.
Раҳимбердӣ Раҳмонов чун мубориз бар зидди одатҳои бегона машҳур аст. Ӯ дар давраи имом-хатибии "Мирзо Юсуф" дар матбуот ба таври возеҳ бар зидди иҷрои рақси урупоии валс аз тарафи занону шавҳари ҷавон дар тӯйҳои арӯсияшон баромад намуда, зикр карда буд, ки чунин анъана бар муқобили расму одатҳои узбакӣ аст.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан иҷрокунандаи муваққатии вазифаи имом-хатиби Тошкандро муовини имом-хатиби асосӣ Эргаш Рустамов бар ӯҳда дошт.
Рамазон — моҳии муқаддас барои ҳар як мусулмон аст. Тақводорон бар онанд, ки дар айёми ин моҳи шариф осмонҳо кушода мешаванду, Худованди бузург дуоҳои онҳоро мешунавад.
Бояд зикр кард, ки мусулмонон дар айёми моҳи мубораки Рамазон аз суҳур то ифтор на об менӯшанду, на хӯрок мехӯранд, то ин ки хости Худоро иҷро намоянд, зеро Рамазон яке аз панҷ рукнҳои ислом ба ҳисоб меравад. Онҳо инчунин аз имтиноъ худдорӣ мекунанд то эҳсос намоянд, ки бори зиндагӣ барои камбағалон чӣ қадар мушкил аст, зеро эшон аксари вақт на ғизои хуб доранду на оби ошомидании тоза.
Рамазон — моҳи мубораки рӯза мувофиқи тақвими қамарӣ — 30 рӯз давом мекунад. Он дар моҳҳои гуногуни тақвими григорианӣ (тибқи он тамоми ҷаҳони дунявӣ зиндагӣ мекунад) рост меояд ва метавонад дар фасли баҳор, мисли имсол, ва шояд — дар тобистон, тирамоҳ ё зимистон ояд. Моҳи Рамазон ("ас-саум" — ба арабӣ) тағйирёбандаи замон аст. Маънии он асосан худдорӣ аз ғизо ва машрубот, канорагирӣ аз муносибатҳои шаҳвонӣ дар давоми рӯз аст. Доштани рӯза барои ҳар фарди мусулмон аз лаҳзаи балоғат воҷиб аст.