Муҳоҷири тоҷикро дар Санкт-Петербург бочкаи об кушт

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як муҳоҷири тоҷик дар паи ба сараш афтидани бочкаи об ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар майдони сохтмонии Санкт-Петербург сокини 24-солаи Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнини марговар бардошта, аз зарба ба бочкаи обдор фавтид, итиллоъ медиҳад оҷонсии "Фонтанка".

Ҷавон ба сохтмони иншоот дар майдони ҷазираи Петровский-и шаҳри Санкт-Петербург машғул буд, дар ҳоле ки бочкаи об ба сараш афтид.

Сипас ӯро ба Академияи тиббӣ-ҳарбӣ бурданд. Табибон вазъияти ҷавонро хеле душвор арзёбӣ карданд. Новобаста аз тамоми кӯшишҳои мутахассисон, наҷот додани мард имконнопазир шуд.

Пас аз чанде ҷавон дар беморхона фавтид.

Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург тафсилоти воқеаи рухдодаро муқаррар мекунад. Масъалаи кушодани парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз ҳал нашудааст.

Ҳодисаи шабеҳ дар шаҳри Санкт-Петербург моҳи феврали соли равон низ рӯй дода буд. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хиёбони Марат боми сохтмонеро аз барф тоза мекард, ва дар натиҷа ба поён афтоду ҷон бохт.

Лентаи хабарҳо
0