Путин Назарбоевро ба маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол даъват кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумуҳри Русия Владимир Путин ҳамтои қазоқашро ба Маскав барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол даъват намуд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тавре, қаблан хадамоти матбуоти Кремлин иттилоъ дод, зимни мулоқоти телефонии раисони ҷумҳури Русияву Қазоқистон як қатор масалаҳо баррасӣ шуданд.

Пас аз барраси масаълаҳои корӣ, Владимир Путин ҳамтои қазоқашро барои ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба Маскав даъват кард.

"Ҳангоми суҳбати телефонӣ тарафҳо масалаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд. Роҳбари Русия Владимир Путин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли ҷорӣ дар Русия баргузор мегардад даъват намуд" — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Қаблан хадамоти матбуоти Кремлин хабар дода буд, ки дар мулоқоти телефонӣ бархе аз масалаҳои ҳамкорие, ки зимни вохӯрӣ дар Сочи 14 май матраҳ шуда буд, баррасӣ шудааст.

Маълумоти пурраро дар бораи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия метавон дар барномаи махсуси FIFA-2018 пайдо кард.

Лентаи хабарҳо
0