Коргарони Роғунро аз рӯзагирӣ "озод" карданд

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookНа стройке Рогунской ГЭС
На стройке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргарони нерӯгоҳи Роғун дар чуқурии беш аз 300 метр дар шароити сангин кор мекунанд аз ин рӯ иҷоза доранд, рӯза нагиранд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Рӯҳониёни тоҷик ба коргарони Роғун иҷоза доданд, ки рӯза нагиранд, хабар медиҳад оҷонсии ТОҷик.ТА бо такя ба муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Усмоналӣ Нуров.

Қайд мешавад, ки ин фатворо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бар асоси қавонини шариат содир кардааст.

"Вақте мо аз мавзеи кор дидан кардем, муътақид шудем, ки барои одами рӯзадор машаққат аст. Коргарон дар ҷойҳои то 300 метр чуқур кор мекунанд. Он ҷо дар ин бора сухан кардем, ки аз нигоҳи мазҳаб дар ин ҳолате, ки шумо қарор доред, иҷоза ҳаст, ифтор кунед ва вақту моҳи муносиб рӯза бигиред", — гуфт Нуров.

На строительной площадке плотины на Рогунской ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зудтар месозем: дар сохтмони Роғун теъдоди коргарон афзоиш ёфт

Дар сохтмони Роғун беш аз 20 ҳазор кас фаъолият дорад. Аксари онҳо дар ду баст 15-шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Шӯрои уламои Тоҷикистон бар ин аст, ки коргарон метавонанд дар 15 рӯзи истироҳаташон рӯза гиранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки имсол моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон 17 май оғоз шуд.

Рамазон яке аз панҷ рукнҳои Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми 30 рӯз, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд.

Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. Барои беморон, пиронсолон, кӯдакон, занони ҳомиладор ва ҳамаи онҳое, ки шароити сангини доштани рӯза метавонад барои саломатӣ ва зидагияшон хатар эҷод кунад, каме сабукӣ пешбинӣ карда мешавад.

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Лентаи хабарҳо
0