Ягона голро дар бозии "Истиқлол" ва "Панҷшер" футболбози белорусӣ зад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкОфициальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18
Официальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар даври 9-уми Лигаи олии кишвар бозии байни дастаҳои футболи "Истиқлол" —и Душанбе ва "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд, хабар медиҳад ФФТ.

Ягона голи ин бозиро ҳамлагари белорусии дастаи "Истиқлол" Николай Зенко дар дақиқаи 12-уми рақобат ба дарвозаи ҳарифон зада, пирӯзии дастаашро таъмин кардааст.

Пас аз ин пирӯзӣ дастаи футболи "Истиқлол" соҳиби 20 имтиёз гардида, дар зинаи 2-юми ҷадвал қарор дорад.

Ҳоло дар зинаи аввал бо 20 хол дастаи футболи "Хуҷанд" ҷой гирифтааст.

Ногуфта намонад, ки дастаи футболи "Истиқлол" як бозии мавқуфгузошта дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0