ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Агар умр вафо мекард, шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ, 20 май 77 сола мешуд. Мавқеъи барҷастаи ин чеҳраи бонуфузи адабиёти муосир дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик абадан сабт гардидааст.
Дар саҳни муҷассамаи барқади шоир кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хонандагони мактаб ва сокинони деҳа ҷамъ омада, саҳифаҳои рӯзгори ин шахсияти бузургро варақгардон намуданд, —хабар медиҳад равобити умумии ВКД.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд Баҳром Саидзода номаи табрикотии вазири корҳои дохилиро ба самъи ҳамдеҳагони шоир расонидааст.
"Ашъори Лоиқ Шералӣ ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ роҳ ёфта, номи ӯро ба таври ҳамешагӣ зинда медорад", — гуфтааст ӯ.
Сипас, зери ҳайкали шоир гулчанбар гузошта шуд ва хонандагони мактаб аз ашъори шоири ширинкалом шеърҳо қироат намудаанд.
Боздиди кормандони мақомоти милитсия ба хона-музейи шоир ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз рӯзгори шахсӣ, фаъолияти эҷодӣ, сафарҳои хизматӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти адабии Лоиқ Шералӣ идомаи маҳфили ёдбуд гардидааст.
"Ҳомиёни назму тартибот бо роҳбаладии бародари шоир Ботур Шералӣ аз хона-музей дидан намуда, таассуроти маънавӣ гирифтанд", — омадааст дар хабарнома.
Ёдоварӣ мекунем, ки Тоҷикистон дар як моҳ-моҳи май ду шоири барҷастаи худ-Бозор Собир ва Мӯъмин Қаноатро аз даст дод. Мӯъмин Қаноат дар мусоҳибаи охиринаш бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ик ягона шогирди шоистаи ӯ Лоиқ Шералӣ буд.
"Дар шахсияти ӯ ман манбаи ғурур, озодификрӣ ва ҳисси ифтихороти миллиро парварда будам. Аммо бо як тарбия чизи муҳимеро ба даст овардан мумкин нест, агар дар ботини худи шахс манбаи зарурӣ набошад. Ва Лоиқ чунин шахсият буд, вай таърихи халқи тоҷик, тарҷумаи ҳоли фарзандони бузурги онро меомӯхт ва офаридаҳои онҳоро амиқан таҳлил мекард", — гуфт Мӯъмин Қаноат.
Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷиканд ба дунё омадааст.