Супориши Раҳмон ба аъзои Ҳукумат дар бораи таъмири роҳҳои маҳаллӣ

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар ва раҳбарон дар бораи бунёди иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ супоришҳо додааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гузориши хадамот, дар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои раисҷумҳур дар бораи вусъати бунёдкорӣ, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шудааст.

"Бо дарназардошти пуштибонии мардум аз талоши  Ҳукумат, натиҷагирии мулоқоти сарвари давлат бо фаъолони ҷомеа баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар хабарнома.

Хадамоти мегӯяд, ҳамаи тадбирҳои Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум ба роҳ монда шудааст, аз ин рӯ раисҷмуҳур дастур додааст, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо ба Ҳукумати ҳисобот пешниҳод шавад.

Лентаи хабарҳо
0