Ширкатҳои алоқаи мобилии ҶТ дар соли 2017 бист миллион доллар "гум кардаанд"

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМобильные операторы "Мегафон" и "Билайн"
Мобильные операторы Мегафон и Билайн - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон ҳамоно даромадашонро аз даст медиҳанд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Даромади ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 20 миллион доллар коҳиш ёфтааст, иттилоъ медиҳад хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

"Дар Тоҷикистон то охири соли гузашта даромади интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои мобилӣ то 176 миллион сомонӣ (20 миллион доллар) коҳиш ёфтааст", — омадааст гузориши нашршуда.

Аз санад бармеояд, ки фоидаи ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ дар соҳаи иртибот соли 2017-2,76 миллиард сомониро ташкил дода, ки ин нисбат ба соли 2016 176 миллион сомонӣ камтар аст.

Пештар маълум шуда буд, ки тиҷорати алоқаи мобилии ҷумҳурӣ дар остонаи зинда мондан аст. Баъзе аз операторон ҳатто дар бораи тарк кардани тиҷорат фикр мекарданд.

Операторҳои алоқаи мобилӣ изҳор доштанд, ки ҳукумат бар зидди онҳо маъракаи густурдаеро оғоз кардааст, ки гӯё сокинони ҷумҳурӣ барои пардохти алоқаи мобилӣ аз ҳад зиёд пул сарф мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0