ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рӯзи 16 май дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд барои намояндагони васоити ахбори оммаи Узбакистон брифинг барпо гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати умури хориҷа.
Гуфта мешавад, ки ин брифСафири Тоҷикистон дар Узбакистон Содиқ Имомӣ рӯзноманигоронро бо мӯҳтавои суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуматомез" ошно кардинг ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуматомез" дар шаҳри Душанбе 3-4 май бахшида шудааст.
Дар брифинг сафири Тоҷикистон дар Узбакистон Содиқ Имомӣ рӯзноманигоронро бо мӯҳтавои суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ин маърака ва нуктаҳои асосии Эъломияи Душанбе дар ин Конфронс ошно кардааст.
Нигаронии сарвари кишвар бобати торафт васеъшавии терроризм ва ифротгароӣ, мавҷуд набудани васила ва стандартҳои ягонаи муқовимати самаранок бо ин зуҳуроти номақбул, аз тарафи ниҳодҳои террористӣ васеъ истифода шудани технологияҳои иттилоотӣ барои ҷалби нерӯҳо ва воситаҳои молиявию моддии нав, тамоюли густариши паҳншавии ғояҳои манфур дар табақаҳои осебпазир, алалхусус байни занон ва ҷавонон, тақвияти робитаи байни терроризми байналмилалӣ бо қочоқи маводи мухаддир махсус таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба ҳозирин дар бораи пешниҳодҳо ва ташаббусҳои раисҷумҳури Тоҷикистон доир ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналхалқӣ дар ин самт иттилоъ дода шудааст.
Сарвари намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба нақши васоити ахбори омма дар пешгирии паҳншавии ғояҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар шароити имрӯза баҳои баланд дода, аз рӯзноманигорон даъват кардааст, ки кӯшишҳои худро баҳри таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ боз ҳам фаъолтар гардонанд.