Рустам Эмомалӣ барои баргузории сабқати аспдавонӣ 50000 сомонӣ ҷудо кард

© Пресс-служба президента РТМэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ба муносибати "Рӯзи ҷавонон" сабқати пойга баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рустам Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе барои баргузории пойгаи аспдавонӣ 48700 (чилу ҳашт ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ҷудо кардааст, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, ки мақсади баргузории сабқат дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», таҳкими минбаъдаи рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии аҳолӣ, фароҳам овардани имконоти васеи фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

"Сабқати аспдавонӣ рӯзи 26 майи соли 2018, соати 1600 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад",-омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аспи набераи Раҳмон дар сабқати аспдавонӣ пирӯз шуд

Дар ин росто сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси мақомоти Душанбе ворид гардидаанд ба Бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр барои пардохти хароҷоти мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ маблағи 48700 (чилу ҳашт ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ҷудо намояд.    

Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт бояд чораҳои зарурӣ андешанд.                                                       

Лентаи хабарҳо
0