ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Намояндагони мактаби филмбардории "Тоҷикфилм" филми кутоҳи худро бо номи "Писарак" намоиш хоҳанд дод.
Намояндагони мактаби филмбардории "Тоҷикфилм" филми худро дар барномаи конкурсии ҷашнвораи мактаби байналмилалии филмбардорони ҷавони кишварҳои ҳамсуд "Кишварҳои муштарак" дар шаҳри Батумии Гурҷистон ба намоиш хоҳанд гузошт, дар ин бора дар саҳифаи Facebook иттилоъ додааст мактаби филмбардории "Тоҷикфилм".
Ҷашнвораи мазкур аз 22 то 27 май дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор мешавад.
Дар ҷашнвораи мазкур беш аз 50 коргардонҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, укроин ва Эстония иштирок хоҳанд кард.
Қарор аст,дар чаҳорчуби ҷашнвора беш аз 20 филм ба намоиш гузошта шавад ва беҳтарин филмҳоро худи иштирокчиёни, яъне намояндагони мактабҳои коргардонии кишварҳои ҳамсуд тариқи овоздиҳи интихоб хоҳанд кард.
Филми "Писарак" масалаи мушкили муносибатҳои падару писар ва наслҳои гуногунро матраҳ менамояд. Қаблан филми мазкур дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда буд.