Марзбонони тоҷик ду афғонро бо маводи мухаддир дастгир карданд

© SputnikПограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото
Пограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони гумруки Тоҷикистон ба рафтори ғайри одии ду шаҳрванди Афғонистон аҳамият дода ҳангоми тафтиши онҳо маводи мухаддир пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Кормандони гумруки гузаргоҳb "Панҷи поён" ду шаҳрванди Афғонистонро бо беш аз 5 кило маводи мухаддир  дастгир намуданд, хабар додааст хабаргузории ТоҷикТА.

"Дар гузаргоҳ кормандони гумрук ба рафтори ғайримаъмулии ду шаҳрванди Афғонистон аҳамият доданд. Ҳангоми тафтиши борхалтаи онҳо беш аз 5 кило ҳероин пайдо шуд", — хабар додааст хабаргузорӣ.

Роҷеъ ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда ба додситонии вилояти Хатлон барои тафтишоти баъдӣ супорида шудааст.

Марзбонони Тоҷикистон дар се моҳи аввали 2018 наздик ба ним тонна маводи мухаддир мусодира карданд.

"Марзбонони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар мақомотҳои қудратӣ аз январ то марти соли ҷорӣ 16 амалиёти махсус анҷом доданд", иттилоъ додааст сардори хадамоти матбуоти марзбонони Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

 

Лентаи хабарҳо
0