ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Боронҳои шадид муҷиби омадани сели азим дар ноҳияи Фархор шуданд, хабар медиҳад равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.
Деҳаи Сурхоб дар ин ноҳия аз сел бештар зарар дидааст.Ба гузориши КҲФ рӯзи 18 — уми май дар паи боронҳои шадид дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сели азим омада, заминҳои наздиҳавлигии сокинонро зери об мондааст.
Аммо лойқаи сел бештар ба заминҳои кишти зироати кишоварзӣ зарар расондааст, гуфта мешавад дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аҳолии деҳа муваққатан ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.
Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарвари муовини аввали раиси Кумита дар минтақаи офатзада фаъолият дошта, сарбозони қисми ҳарбии КҲФ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба минтақа рафтаанд.
Ҳамчунин барои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ таҳти сарварии муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Шоҳиён гурӯҳи корӣ созмон дода шуд ва ин гурӯҳ ҳоло дар ноҳияи Фархор қарор дорад. Барои тоза кардани манотиқи селзада аз техникаи махсус истифода мешавад.
Дар паи ин офати табиӣ як сокини 25-солаи деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Фархор зарари расидаро ҳиоб хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон аз ҳавои номусоид ва боронҳои шадид хабар дода буд. Чанде пеш дар паи боронгариҳо ва сел дар ноҳияи Панҷ ду кӯдак ҳалок шуданд.