Шаҳрдори Хуҷанд нӯҳ хонаводаро ба сайри Самарқанд фиристод

Обуна шудан
Шаҳрдори Хуҷанд ба оилаҳое, ки 50- сол, 40-сол, 20-сол бо ҳам ҳастанд, инчунин хонаводаҳое, ки дар озмуни "Ҳунарманди беҳтарин" ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд,роҳхати сайри Самарқанд дод

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Нӯҳ хонаводае, ки бо роҳхати шаҳрдории Хуҷанд ба саёҳати шаҳри бостонии Самарқанд рафта буданд, шоми дирӯз ба Хуҷанд баргаштанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Ёдовар бояд шуд, ки зимни таҷлили Рӯзи оила дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба нӯҳ оилае, ки 50- сол, 40-сол, 20-сол якҷоянд, инчунин хонаводаҳое, ки дар озмуни "Ҳунарманди беҳтарин" ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, роҳхат супорида шуд.

Оилаи Бобоҷоновҳо, Қосимовҳо, Аброровҳо, Бобочоновҳо, Гадоевҳо, Курбоновҳо, Ашўровҳо, Атоевҳо ва Тоҳировҳо ба Самарқанд сафар намуда, аз мавзеъҳои таърихии Самарқанди бостонӣ, аз ҷумла, Регистон, мақбараҳои Имом Ал Бухорӣ, Шоҳи зинда, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Гури Амир, масҷиди Ҳазрати Хизр, Хона музейи Садриддин Айнӣ, маҷмааи оромгоҳи Ислом Каримов, маконҳои фарҳангию фароғатӣ, бозори «Сиёб» ва ғайра боздид намудаанд.

Ин хонаводаҳо аз таваҷҷуҳу шаҳрдори Хуҷанд сипосгузорӣ намуда, миннатдориашонро ба Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳам баён кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0