Рустам Эмомалӣ ва Хаджиме Китаока дар ҶТ корхонаи муштарак месозанд

© Фото : Аз шаҳрдорӣРустам Эмомалӣ ва сафири Ҷопон
Рустам Эмомалӣ ва сафири Ҷопон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷопон то ин дам дар татбиқу навсозии як зумра лоиҳаҳо дар Душанбе, аз ҷумла, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, роҳҳо, дастгоҳҳои барқдиҳандаи офтобӣ, навсозию муҷаҳҳазгардонии терминали борбарӣ ва хатҳои ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе саҳмгузорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе  Рустам Эмомалӣ бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджиме Китаока мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки  Тоҷикистон ва Ҷопон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.

Ҷопон дар татбиқу навсозии як зумра лоиҳаҳо дар Душанбе, аз ҷумла, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, роҳҳо, таъмини як силсила муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастгоҳҳои барқдиҳандаи офтобӣ, навсозию муҷаҳҳазгардонии терминали борбарӣ ва хатҳои ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе саҳмгузорӣ кардааст.

"Ҳарду ҷониб манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Япония, аз ҷумла, дар соҳаи татбиқи технологияҳои муосир, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0