ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои истироҳат дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки боронӣ боқӣ монда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз, дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешбинӣ мегардад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб то 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +18 +20 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм хоҳад шуд.