Юлия Самойлова: Русияро дар "Евровидение-2019" бояд Манижа муаррифӣ кунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа
Певица Манижа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юлия Самойлова пешниҳод кард, ки соли оянда Русияро дар озмуни Евровидение-Манижа Сангин муаррифӣ кунад

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русияро дар озмуни "Евровидение-2019" бояд  Manizha муаррифӣ кунад, гуфт Юлия Самойлова дар нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои озмун дар оҷонсии "Россия сегодня".

Ба фикри Самойлова, зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки таҳти унвони  Manizha миёни ҳаводорони русаш машҳур аст сазовор аст, ки соли оянда дар озмуни "Евровидении" аз номи Русия баромад кунад.

"Ман Manizha-ро пешниҳод мекунам", — гуфт Юлия, ҳангоми ҷавоб додан ба саволи рӯзноманигор.

Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш маскавиҳоро "ба по" хезонд

Манижа Сангин солҳои 2008-2009 нахустин бор бо суруди "Пренибрегаю" ба саҳна баромада буд. Дар муддати кӯтоҳе бо ин сурудаш Манижа натанҳо дар Русия балки дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо кард.

Вале пас аз иҷрои ин суруд Манижа якбора аз саҳна дур шуда буд.

Ва танҳо соли 2017 духтари тоҷик таҳти унвони Manizha ба шоу-бизнес бозгашт. Ӯ дар шабакаи Instagram ба паҳн кардани наворҳои хурд ва намоҳангҳояш оғоз кард. Чунин шакли нави пешниҳоди суруд Манижаро миёни мардум шуҳратёр кард.

Пасон Manizha албоми худро таҳти унвони Manuscript, навишт ва дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург чанд маротиба консерт баргузор кард.

Соли 2018 Манижа албоми дуюми худ- ЯIAM-ро ба мухлисонаш пешкаш кард.

Юлия Самойлова Русияро дар озмуни "Евровидение" дар Португалия муаррифӣ кард. Мутаассифона ӯ ба даври ниҳоии озмун роҳ наёфт.

Пирӯзиро дар ин озмун овозхони исроилӣ Нетта Барзилай бо суруди Toy аз худ кард.

 

Лентаи хабарҳо
0