Оғӯши марговар: дар Панҷ як кӯдакро сел бурду дуюмӣ дар оғӯши модар нафасгир шуд

© Sputnik / Анатолий УстиненкоПоследствия селевого потока, архивное фото
Последствия селевого потока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Панҷ дар паи боришоти барзиёд ва омадани сел, ду кӯдак ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Рӯзи 16 май дар паи боришоти шадид ва омадани сел дар ноҳияи Панҷ ду кӯдак яке 1-солаву 7 моҳа ва дигаре 4-сола ҳалок гардиданд.

Дар ин бора оҷонсии Тоҷик.ТА бо такя ба КҲФ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бар асари боришоти зиёд 4 ҷамоати ноҳияи Панҷ зарар дида, қисме аз заминҳои наздиҳавлигӣ зери обу лой мондаанд.

Сел соати 3-4 субҳ омадаасту мардум дар изтироб хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Селфии марговар: навори охирин лаҳзаи ҳаёти духтарон дар Сурхоб

Дар ҳамин ҳин модаре кӯдакашро чунон сахт оғӯш кардааст, ки кӯдак нафасгир шудааст.

Модаркалони кӯдаки чорсола бошад, натавонистааст набераашро дорад ва ӯро маҷрои сел бо худ бурдааст.

Дар умум кормандони КҲФ аз ҷои фоҷиа 500 касро ба ҷои бехавф кӯчонидаанд.

Дар ҳоли ҳозир барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа таҳти раҳбарии муовини раиси КҲФ Муҳаммадҷон Сализода фаъолият дорад.

Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки то 20 май дар кишвар ҳавои номусоид ҳукмфармо хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0