ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ронандаи худрави "ДЭУ-Тико", Саидов Азиз, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи "Душанбе-Турсунзода", ду хоҳаронро пахш намуд, ки дар натиҷа онҳо ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон фоҷиа дар ҳудуди деҳаи Ҷовидони шаҳри Турсунзода сурат гирифтааст.
Ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Алиева Назира ва Ҳасанова Насибаро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳоли ҳозир ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқи кормандони умури дохила қарор дорад.