Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрохожие на улице в Москве, архивное фото
Прохожие на улице в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 17 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки боронӣ боқӣ монда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барф меборад: то 20 май ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борон (дар минтақаҳои кӯҳӣ баъзан пуршиддат) ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +22 +24 дараҷа ва шабона +9 +11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0