Пайомади харобиовари боронгариҳои шадид дар Суғду Хатлон

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуд. 

Офатҳои табиӣ қурбоние дар пай надошт, аммо боиси зарари кишоварзон шудааст. 

"Дар  ноҳияи Панҷиканди вилояти Суғд сел ба 2 гектар замини кишт, 800 метр роҳ дар деҳаи Рӯзиобнок ва ба 10 хоҷагии наздиҳавлигии сокинони русто зарар расонидааст",- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барф меборад: то 20 май ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

Инчунин резиши санг 250 метр роҳҳо дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷиканд бастааст.

Айни замон ин қитъаи роҳ аз сагрезаҳо тоза карда шуда ва ҳаракати худравҳо ба роҳ монда шудааст. Дар қасаби 19 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сел қисман 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кардааст.  

Дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои Чорбоғ, Пахтадашт, Иттифоқ ва ҷамоати деҳаи Машъали ноҳияи Вахш сел ба шаш қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонидааст. 

Дар ҳоли ҳозир дар маҳалҳо комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият мекунад ва барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ таҷҳизоти махсус истифода мешавад.

Манбаъ афзуда, ки офатҳои табиӣ қурбоние дар пай надоштанд.

Лентаи хабарҳо
0