Соҳибкоре дар Суғд майдони варзишӣ сохт: раис онро ба баҳрабардорӣ расонд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДети играют в футбол, архивное фото
Дети играют в футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкоре дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчо майдончаи варзишӣ бунёд кард

ДУШАНБЕ, 16 май— Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Масчо дар шаҳраки Бӯстон як майдончаи варзишӣ ба истифода дод, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бунёд Исмоилов бо харҷи 300 000 сомонӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иқдоми соҳибкорро ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба чанде аз варзишгарон лавозимоти варзишӣ тақдим кардааст.

Ҳамчунин зимни сафари худ, раиси вилоят ба сохтмони толори варзишии "Паҳлавонони Суғд" оғоз бахшидааст.

Гуфта мешавад, ки толори варзишии "Паҳлавонони Суғд" барои 400 нафар пешбинӣ гардида, дар муҳлати кутоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0