Ҷадвали парвози "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Истамбул тағйир ёфт

© Официальный сайт / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи апрел ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" намояндагии расмии худро дар шаҳри Истамбул таъсис дод

ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар доираи барномаи рушди хатсайрҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе афзоиш медиҳад.

Аз 20 май ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хатсайри Душанбе-Истамбулро ҳафтае се маротиба — рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро менамояд, хабар медиҳад равобити умумии ширкат.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 5.30 ва парвоз аз Истамбул – 21.30 бо вақти маҳаллӣ мебошад.

Стюардессы Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" роҳбалад меҷӯяд

Дар ин росто, моҳи апрел ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" намояндагии расмии худро дар шаҳри Истамбул таъсис дод.

"Ин иқдом дар ҷараёни кори тӯлонӣ бо Туркия бобати даст кашидан аз ҳамкории фосилавӣ, аз байн бардоштани заруриятҳои гуногуни эҷодшаванда ва ҷоннок кардани раванди корӣ ба миён омад", — зикр менамояд Директори генералии ширкат Томас В. Ҳаллам II.

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" манфиатҳои ширкат ва мусофиронро дар фурудгоҳ ҳимоя намуда, бо мақомоти ҳокимияти маҳалливу дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкил ва иҷрои парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ҳамкории зич ба роҳ монда, ҳамзамон риояи меъёрҳову тартиботи муқаррарнамудаи ширкатро таъмин менамояд ва аз рӯи кори низоми фурӯши интиқолоти ҳавоӣ назорат мекунад.

Дар ҳоли ҳозир "Сомон Эйр", ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, —800 ва —900 иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0