Дастури Раҳмон дар бораи бунёди ҳаммомҳо ва ороишгоҳҳо дар ҳар як деҳот

Обуна шудан
Раисҷмуҳури Тоҷикистон ҳамчунин дастур дода, ки раҳбарони сохторҳои давлатӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар байни аҳолӣ ҷоннок кунанд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Рӯзи14 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ ширкат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои қабландодашудаи Ҳукумати Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар остонаи моҳи шарифи Рамазон гуфтааст.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори раисҷумҳур: зимистони дарпешистода барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд

Раисҷумҳур таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷонибдории аҳолӣ аз ҳадафҳои созанда ҷалб карда, дастур додааст, ки бо мақсади амалӣ намудани хоҳишу талошҳои мардум мусоидати фаъол намоянд.

Манбаъ афзуда, ки соҳибкорони ватандӯсти ҷумҳурӣ асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхона, ҳаммомҳо бо сартарошхонаву ороишгоҳ, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, супоришҳо додааст.

"Аъзои ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат ҳамчунин доир ба ҷоннок кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва анҷоми тадбирҳои мушаххас оид ба волоияти қонун, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ба Ватан баргардонидани фарзандони онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи солимии ҷомеа, дастурҳо гирифтанд", — омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0