Чӣ гуна телефони мобилӣ кӯҳнаварди ҷавонро "наҷот" дод

© Sputnik / Александр Кряжев/Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкРегионы России. Республика Алтай, Алтайский край
Регионы России. Республика Алтай, Алтайский край - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Телефони мобилӣ сабаби наҷот ёфтани кӯҳнаварди ҷавон аз ноҳияи Кӯшониён шудааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар нишебии пурхатари силсилакӯҳҳои деҳаи Диатоши шаҳри Леваканти вилояти Хатлон як кӯҳнаварди ҷавони 28 сола аз ноҳияи Кушониён наҷот дода шуд.

Вай ҳангоми кӯнавардӣ ба баландии 800 метр баромад ва ба ҷойе расид, ки дигар натавонист на поин биёяд ва на боло.  

"Дар ҳамин ҳолат ҷавони кӯҳнавард бо телефони мобилиаш, ки хушбахтона бо худ гирифта буд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон занг зад ва онҳо хостори наҷот шуд" — иттилоъ медиҳад манбаъ. 

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон равон шуданд ва ин кӯҳнаварди ҷавон аз хатар наҷот ёфт.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 наҷотдиҳандагони КҲФ бо роҳандозии 654 амалиёт 203 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Лентаи хабарҳо
0