ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Намояндагони Бадахшонро дар вилояти Хатлон гарму самимӣ пешвоз гирифтаанд. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар додааст.
Рӯзҳои фарҳангии Бадахшон дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони аҳли ҳунару фарҳанг ва адибону кишоварзон баргузор мешавад
Рӯзҳои фарҳанги аз 9 то 13 май дар чанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор шудааст.
Дар доираи маросими мазкур, намоядагони ҷавонон, адибон ва аҳли ҳунари Бадахшон бо сокинони вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ кардаанд.
Инчунин дар ин рӯзҳо маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти унвони "Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат", "Ширу шакари адибони Бадахшон ва Хатлон", "Шоми дӯстӣ" ва ғайраҳо баргузор шудааст.
Дар шаҳру навоҳии вилоят ғайр аз барномаҳои фарҳангӣ инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ баргузор шудааст.