Ёвари Гуттериш аз Тоҷикистон боздид мекунад

Обуна шудан
Ҳайъати СММ бо раҳбарии ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор ба Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 14 май— Sputnik. Ҳайъати Сомзони Миллали Муттаҳид таҳти раҳбарии ёвари Антонио Гуттериш оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ.

Ба гузориши манбаъ, ин ҳайъат рӯзҳои 14-15 майи соли равон аз Тоҷикистон боздид мекунад. Ҳадафи сафари ёвари Дабири кулли СММ гуфта нашудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко 14 май ба Тоҷикистон сафар карда, то 16 май дар кишвар мемонад.

Ҳамчунин ба гузориши Вазорат, аз 14 то 20 майи соли 2018 — ташрифи ҳайатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон барои ширкат дар Ҳамоиши байналхалқии "Волонтёрон дар мавзӯи муҳофизати мероси маданӣ ва фарҳангӣ" дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0