Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд

© Facebook / Ато МирходжаПоэт Бозор Собир, архивное фото
Поэт Бозор Собир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ҷанозаи марҳум Бозор Собир рӯзи 14 майи соли 2018, соати 11:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб баргузор гардид.

Пас аз ҷаноза, ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд. Ҷасади Бозор Собир бо дастури Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 14 май аз Амрико ба Тоҷикистон оварда шуд.

Шоир Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади Бозор Собир имрӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 1 майи соли 2018 соати 5:10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро аз зумраи шоирони ватансаро гуфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.

"Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0