Охирин лаҳзаҳои омодагӣ барои ҳунарнамоӣ дар даври нимниҳоӣ ба охир мерасад. Меҳрона мегӯяд, ки каме дар ҳаяҷон аст, вале омода аст дар пеши доварон ҳунарнамоӣ кунд.
"Ман намехоҳад пироҳан пӯшам, ман худро бо шиму кеди роҳаттар эҳсос мекунам",-мегӯяд Меҳрона дастпӯшакҳояшро ба тартиб оварда.
Дар даври нимниҳоӣ Меҳрона бо 20 номзади дигар барои баромадан ба финал рақобат мекунад. Чанд моҳ мешавад, ки Меҳрона дар Маскав қарор дорад ва Тоҷикистонро хеле пазмон шудааст.
"Ман ватанам-Тоҷикистонамро хеле пазмон шудам. Ман Тоҷикистон, дӯстонамро хеле дӯст медорам. Ман ба зиндагӣ дар Тоҷикистон одат кардаам ва хеле пазмон шудаам. Ман мехоҳам бозгардам, албатта бо натиҷа. Худо хоҳад ҳамааш нағз мешавад",-мегӯяд Меҳрона.
Ба ҳаяҷон нигоҳ накарда Меҳрона ҳамоно табассуми бисёр самимие дорад.
"Як кас ба ман боре гуфта буд, ки агар дард ҳам дошта бошӣ, ё танҳо бошӣ, умуман чизе ки нагузарад, табассум кун. Чуноне мегӯянд барқасди душманон", —мегӯяд Меҳрона Ғайбуллоева.