Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо Сайрам Исоева

© © Sputnik / Амир ИсаевСайрам Исаева - актриса Ленинабадского музыкально-драматического театра им. А.С.Пушкина
Сайрам Исаева - актриса Ленинабадского музыкально-драматического театра им. А.С.Пушкина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва аҳли хонаводаи ӯ ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 май- Sputnik. Фарҳангиёни тоҷик барои даргузашти шаҳари Сайрам Исоева Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ислом Саломов изҳори таслият кардааст. Номаи таслияти аҳвли фарҳанг дар равобити умумии Вазорат мунташир шудааст.

"Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва аҳли оилаи ӯ нисбати даргузашти шавҳараш — Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ислом Саломов изҳори тасаллият намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд", —омадааст дар нома.

Ёдоварӣ мекунем, ки коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Ислом Саломов 10 май дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд пас аз бемории тӯлонӣ вафот кард.

Гвоздика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманд ва коргардон Ислом Саломов даргузашт

Ислом Саломов- ҳамсари ҳунарпешаи машҳури тоҷик Сайрам Исоева аст, ки чанде пеш духтари худро аз даст дода буданд.

Маросими видоъ бо Арбоби хунар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, яке аз поясутунҳои театри тоҷик, ҳунарманди забардаст Ислом Саломов   дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт.

Сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Обид Назаров, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ҳунарпеша Асрор Камолиддинов ва Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Майрам Исоева ин мусибатро талафоти калон ба миллати тоҷик, алалхусус ба аҳли илму фарҳанг арзёбӣ намуданд.

Ҷӯрабек Муродов аз хизматҳои Ислом Саломов ба фарҳанг ёдрас шуда гуфт, "агар устоди гиромӣ барои як сония зинда мешуданд, аз меҳнатҳои кардаашон ҳеҷ гоҳ пушаймон намегаштанд".

"Ман бисёр гапҳо дорам, лекин дар зиндагӣ бояд ҳамдигарро қадр кунем, гузаштагон дигар бар намегарданд",- афзуд ӯ.

Ҷанозаи Ислом Саломовро пас аз намози ҷумъа дар оромгоҳи "Гунбази Кошон"-и шаҳри Хуҷанд ба хок супурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0