Раиси парлумони Узбакистон ба Тоҷикистон меояд

© Фото : Аз ВУХМулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ бо Раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Исмоилов
Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ бо Раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Исмоилов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таърихи сафари раиси парлумони Узбакистон ба Тоҷикистон тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 май- Sputnik. Раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Н.Исмоилов ба Тоҷикистон даъват карда шудааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 11 май сафири Тоҷикистон дар Узбакистон С.Имомӣ бо раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Н.Исмоилов дидор кардааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот, масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои бародар баррасӣ шудааст.

"Сафир ба раис даъватномаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон супурд, ки он бо арзи сипос қабул гардид",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки таърихи сафари мазкур аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0