ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон дар куштори бераҳмонаи профессори ИМА гумонбар дониста мешавад, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.
"Дар Ню-Йорк (ИМА) пулис шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон Мирзо Атаҷоновро бо гумони кӯштори бераҳмонаи психотерапевти шинохта, профессор Ҷеремӣ Сафран, боздошт кардааст", — оварда мешавад дар хабарнома.
Ҷасади профессор рӯзи 8-уми май дар хонааш ёфт шуд, марги мармуз дар натиҷаи зарбаи болға бар сари вай ба амал омада буд. ВАО Амрико хабар медиҳанд, ки дар ин кӯштор маҳз Атаҷонов гумонбар аст, зеро вайро дар таҳхонаи бинои профессор пайдо карда буданд, дар он ҷо вай дар даруни ҷевон пинҳон мешуд.
Сафран дар колеҷи The New School дарс медод, вай узви шӯрои Донишгоҳи Ню-Йорк оид ба масоили пас-докторантура буд. Профессор 66 сол дошт.
Сабабҳои кӯштор ҳанӯз маълум нестанд.
Хабар дода мешавад, ки тоҷикистонӣ Донишгоҳи тиббиро дар Душанбе ва магистратураро дар Brooklyn College, хатм намудааст.
Мувофиқи гузоришҳои як идда ВАО, Мирзо Атаҷонов соли 2016 дар кӯшиши таҷовуз ба номуси як сайёҳзан аз Конодо айбдор шуда буд, вале, парвандаи ҷиноӣ бо сабаби набудани далелҳо, боздошт шуда буд.