ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар асоси маълумоти Агентии обухавошиносии Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки аз 12 то 16 майи соли равон дар чумхурӣ ҳавои ноустувор дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо боришоти борону жола, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани сел ва тандбод дар назар аст.
Дар ҳамин иртибот Раёсат аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони вилоят дар ин рӯзҳои пешгӯишаванда эҳтиромона хоҳиш менамояд:Кумита аз сокинон ва меҳмонони вилоят хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушёр бошанд, тариқи роҳҳои селосову хатарноку сангрези кӯҳӣ ҳаракат накунанд.
Аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ истиқомат мекунанд хоҳиш карда мешавад, ки муваққат корҳои аз қабили чаронидани чорво, ҷамъ намудани ҳезум ва шикор худдорӣ намоянд.
"Реҷаи рӯзи фарзандон, кӯдакони ноболиғи худро зери назорати қатъӣ гирифта, ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо роҳбаладӣ намоед",- омадааст дар ҳушдори кумита.
Агар шоҳиди ҳолатҳои нохуш ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақамҳои 112 ва ё 223 13 11. дар тамос шавед, дар кумита навбатдории шабонарӯзӣ фаъолият мебарад, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ бо тамоми техникаву таҷҳизотҳои муосири наҷотдиҳӣ барои кӯмаку имдод дар ҳолати омодабош қарор доранд.