ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ мулоқот кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба як манбаи худ иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, Ятимов рӯзҳои 7-9 май ҳангоми сафар ба Кобул ҳамчунин бо як қатор намояндагони сохторҳои низомии Афғонистон низ дидор ва мулоқот кард.
"Ҷонибҳо дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар умури тақвияти марзҳо, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводди мухаддирро баррасӣ карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Саймумин Ятимов бо Ашраф Ғанӣ низ самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар заминаи амниятиро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Раиси КДАМ ҳамчунин бо Масъум Станкзай, раиси мудирияти амнияти миллии Афғонистон, Баҳром Торикшоҳ, вазири дифоъ, Аҳмад Вайс Бармак, вазири умури дохилӣ ва Ҳаниф Атмар, мушовири раисҷумҳури ин кишвар низ музокирот кард, меафзояд манбаъ.