Куриёи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд гармхонаҳои замонавӣ бунёд мекунад

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкСрез тюльпанов в агрохозяйстве. Архивное фото
Срез тюльпанов в агрохозяйстве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 10 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Мён Сунг"- и Кореяи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сунро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бо ҷалби мутахассисони Куреёи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд гармхонаҳои замонавӣ бунёд мешава, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 10 май дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Мён Сунг"- и Куреёи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сунро мулоқот кард.

"Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд. Ширкати "Мён Сунг" аз ҷумла дар Узбакистон бо усули гидропоникӣ гармхонаҳои муосирро бунёд кардааст, ки дар онҳо помидор, бодиринг ва булғорӣ истеҳсол карда мешавад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Драка в ЖК Тургенев, Краснодар - Sputnik Тоҷикистон
Бо арматур ва тоскулоҳ: навори задухӯрди гурӯҳии тоҷикон ва куриёиҳо дар Русия

Зимни суҳбат раиси вилоят иброз дошт, ки  чанде қабл тоҷирону соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар доираи ин сафар соҳибкорони вилоят аз гармхонаҳои муштарак, ки бо ҷалби мутахассисони Куреёи Ҷанубӣ сохта шудааст, боздид карда, ба фаъолияти онҳо мароқ зоҳир намуданд.

Роҳбарияти ширкати куриёӣ доир ба таҷрибаи хеш дар самти бунёди гармхонаҳо дар Узбакистон маълумот дода, илова кард, ки бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд намудани гармхонаҳо имкон медиҳад, ки аз як гектар то 200 тонна ҳосил рӯёнида шавад.

Чон Ёнг Сунг омодагии хешро ҷиҳати ташкили гармхонаҳои замонавӣ ва бозомӯзии кишоварзони тоҷик баён дошт. Тасмим гирифта шуд, ки дар марҳилаи аввал то 10 гармхонаи замонавии муштарак сохта шавад.

Лентаи хабарҳо
0