ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора бахшида ба "Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2018 соати 13:00 дар "Боғи Ирам"- и пойтахт баргузор хоҳад шуд.
"Дар чорабинӣ намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии хешро ба намоиш мегузоранд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дустона байни кишварҳо мебошад.