ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Душанбе марде ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шудааст. Бино бар иттилои ВУД, вай сокини 47-солаи ноҳияи Турсунзода будааст, ки мехостааст ба зани душанбегӣ таҳдид карда, аз вай пул ситонад.
Чунончӣ, муттаҳам 10-уми апрели соли 2018 ҳангоми дар назди маркази савдои "Садбарг"-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо зани 30-солаи сокини шаҳри Роғун шинос шуда, ӯро ба оғӯш гирифта, сипас бо телефони мобилиаш акс гирифтааст.
Баъдан, рӯзи 12-уми апрели соли 2018, номбурда ба ӯ занг зада, бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 3000-доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Санаи 8-уми майи соли 2018, номбурда ҳангоми аз зани мазкур гирифтани 400-сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад.