Замони сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон муайян шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Белоруссия Александр Лукашенко
Президент Республики Белоруссия Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Замони дақиқи сафари раисҷумҳури Белорус ба Тоҷикистон маълум шуд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки Александр Лукашенко ба Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко 14 май ба Тоҷикистон сафар карда, то 16 май дар кишвар мемонад, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

"Аз 14 то 16 майи соли 2018 – сафари расмии раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон дар назар аст", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин ба гузориши Вазорат, аз 14 то 20 майи соли 2018 – ташрифи ҳайатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон барои ширкат дар Ҳамоиши байналхалқии "Волонтёрон дар мавзӯи муҳофизати мероси маданӣ ва фарҳангӣ" дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0