ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Яке аз сокинони Тоҷикистон ба мӯҳлати тақрибан 10 сол барои гузоштани лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба дастгирии "мухолифон", маҳбас шуд, иттилоъ медиҳад Оҷонсии телеграфии Тоҷикистон (TоҷикТА) бо истинод ба манбае аз додгоҳ.
"Сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Алиҷон Шарипов 9,5 соли наздикро дар паси панҷара мегузаронад, барои он, ки тӯгмаҳои "Лайк" ва "Класс"-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери суханрониҳои роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ — мамнӯъ дар ҶТ) Муҳиддин Кабирӣ ва муовини собиқи вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода, пахш кардааст", — гуфта мешавад дар гузориш.
Шарипов 3 январ дар деҳаи худ Меҳрободи ноҳияи Вахш боздошт шуд. Замони пурсуҷӯ вай иқрор кардааст, ки аксари вақт наворҳои суханрониҳои Кабирӣ ва Назарзодаро тамошо карда буд, аммо ба гуфти ӯ, ҳатто гумон намекардааст, ки ин зиддиқонунӣ аст.
ҲНИТ ҳамчун созмони террористӣ дар Тоҷикистон эътироф карда шуда, инчунин ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва сепаратии сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ, ворид карда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки Муҳиддин Кабирӣ дар омодасозӣ ва маблағгузории ошӯби мусаллаҳона бо сардории Абдуҳалим Назарзода, ки 11-уми сентябри соли 2015 ба вуқӯъ омада буд, айбдор гардида, дар нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дере нагузашта Кабирӣ маҷбур шуд аз Тоҷикистон гурезад.