ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Тоҷикони муқими Маскав дар пойтахти Русия 9 май дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" ширкат намуданд.
Садҳо нафар барои поси хотири куҳансарбозоне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карданд, дар Рӯзи Ғалаба ба кӯчаҳо баромаданд.
Имрӯз дар Маскав барои ҳаштумин бор роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" баргузор шуд, ки дар он, насли имрӯза бо аксҳои, сарбозон, афсарон, маллоҳон, портизанҳо ва меҳнаткашони ақибгоҳ яъне ҳар касе, ки барои Ғалаба дар ҷанг кумак карда буд, қадам заданд.
Тоҷикони муқими Маскав дар ҳайъати алоҳида дар "Ҳанги ҷовидон" роҳпаймоӣ карданд.
Аз оғози роҳпаймоӣ дар кучаи Тверской ҳайъати тоҷикон аз дур намоён буд.
Калонсолону хурдсолон бо тоқиҳои миллӣ, овезаи зебои ибтикорон — маркази фарҳангии "НУР", ва парчами Тоҷикистону Русия қадам мезаданд.
Вале аз ҳама муҳим акси наздиконашон буд. Дар аксҳо нафароне буданд, ки аз ин дунё чашм пӯшиданд, вале дар хотири фарзандон ва набераҳояшон мондаанд.
Дар яке аз аксҳо марде бо риши сафеди зебо, чеҳраи ҷиддӣ, дар сар тоқии кабуд, дар тан камзӯли чармини сиёҳ, бо чанд медал, дида мешуд.
Исми ӯ Султонбек Бахтиёров аст. Дар қиёс бо аксари ҳамдиёрони худ, ки садҳо ҳазори онҳо аз ҷанг барнагаштанд, Султонбек ба ватанаш баргашт ва чандин соли дигар зиндагӣ кард: Ӯ соли 2010 аз олам чашм пӯшид.
Қурбонбек Худоёров дар танаш либоси низомии солҳои 30 дорад. Аз рӯи акс дида мешавад, ки ӯ комилан ҷавон аст ва ба ҷанг дар сини 18-20 солагӣ рафтааст.
Ин ҳам ҷавонест, ки бо лентаи георг дар борхалтааш ва дар дасташ эҳтимол дорад акси хешаш Тутишо Муминшоевро бардоштааст. Мисли ҳамин ҷавон, Тутишо дар акс табассум карда ва дар либоси танаш ордену медалҳо овехтааст.
Дар инҷо аксҳои натанҳо тоҷикон балки шахсоне, ки аз Тоҷикистон ба ҷанг даъват шудаанд ва пас аз ҷанд дар онҷо монданду ба сар бурдаанд, дида мешавад. Барои мисол дар аввали ҳайъат як ҷавондухтаре буд, ки акси Андронова Ивана Николаевича бо худ мебурд.
Инак роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" аз кучаи Тверской ба сӯи Кремл оғоз шуд.
Дар аввал агар дар ҳайати Тоҷикистон садҳо нафар дида мешуд, баъдтар баъд аз ним осат вақте, ки деромадаҳо ҳамроҳ шуданд зери парчами Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҷамъ шуданд.
Пеш пеши ҳайати Тоҷикистон чанд зан бо либосҳои миллӣ дар даст доира қадам мезаданд. Онҳо доира мезаданду сурудҳои миллӣ ва сурудҳои замони ҷанг, ки ба ҳамагон аз кӯдакӣ ошност, мехонданд.
Баъд як километр қадамзанӣ дар назди метрои Мояковский замони хондани суруди "Катюша" ба ҳайати Тоҷикистон як ҷавон бо либоси сарбози Артиши сурх ва бо аккордеон ҳамроҳ шуд.
Ба сари ӯ ҷои кулоҳи сарбозӣ тоқии тоҷикӣ пушонданд ва аз ӯ хоҳиш карданд ба сурдухонии тоҷикон ҳамроҳ шавад ва ӯ ҳам бо хурсандӣ қабул кард. Ин ҳам нишонаи дустии халқҳо аст.
Ҳангоми овозхонӣ Нисо Хуҷаназарова яке аз фаъолони ҷамъияти "НУР" дида мешуд, ки бобояш аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов буд.
"Ман ифтихор мекунам, ки соли дувум дар ин роҳпаймоӣ иштирок мекунам ва аз падару бобоҳои худ, ки дар Ҷанги Буруги Ватанӣ қаҳрамонӣ намуданд, ёд мекунам. Ин бисёр эҳсоси хуб аст, ки ҳамроҳ бо дигар миллатҳо метавонем қадам занем ва аз хешу таборҳои қаҳрамони худ ёд кунем" — мегӯяд Нисо.
Дар наздикӣ оилаи Чаргобдол Абдуллоев, сержанти девизияи тирандозӣ Павлови фронти Ленинград, ки ҷасурона пойтахти шимолии Русиро дар замони муҳосира ҳимоят кардааст, қадам мезанад.
"Ӯ тамоми ҷангро гузашт, вале дар охир захм бардошту дар бемористон бистарӣ шуд. Ӯ дар яке аз амалиётҳои ҷангӣ зарбхурду пойҳояш яхзада шуд", — мегӯяд ба хабарнингори Sputnik Тоҷикистон хешу табори сержанти Абдулллоева.
Ингуна қиссаҳо зиёд аст, ҳар яке аз ин қиссаҳои қаҳрамонона аст. Хешу табори куҳансарбозон сарнавишти падару бобоҳои худро дар ёд доранд. Ин ҳам як чизи хурдест, ки насли наврас метавонад барои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, Белорус, Арминистон ва умуман ҳамаи миллатҳо кунад.
Ҳамагӣ дар Маскав дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" бештар аз як миллион нафар ширкат кард. Як каме камтар дар шаҳри Санкт-Петербург роҳпаймоӣ карданд.
Чунин роҳпаймоӣ дар пойтахти Тоҷикистон низ баргузор гардид, ки дар он беш аз 600 нафар ширкат карданд. Онҳо дар Боғи Ғалаба барои ёди қаҳрамонон дар назди ёдгории Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулгузорӣ карданд ва ба роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуданд.