ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +9 +14 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, шамол аз самт шарқ то 13-18 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат шабона +9 +14 ва рӯзона +34 +39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +10 +15 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +32 +34 дараҷа ва шабона +13 +15 дараҷа гарм хоҳад шуд.