Бар асари заминларзаи шадид дар Тоҷикистон касе осеб надидааст

© AFP 2023 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз, 9 майи соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон заминҷунбии шадиде ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бар асари заминларзае, ки рӯзи 9 май дар ҳудуди Тоҷикистон ба вуқуъ омад, хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, хабар медиҳад расонаҳои расмӣ бо такя ба сухангӯи КҲФ, Умеда Юсупова.

Рӯзи 9 майи соли 2018 соати 15:41 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Заминҷунбии шадид Тоҷикистонро такон дод

Маркази заминларза 296 километр дуртар аз Душанбе, 51 километр дуртар аз Хоруғ ва 34 километр дуртар аз ноҳияи Ишкошим, ар ҳудуди Афғонистон буда, жарфои он 100 км будааст.

Қувваи заминларза дар марказ 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

"Бар асари заминларза дар ҳудуди Тоҷикистон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", — гуфт Умеда Юсупова.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 6 май соати 05:01 бо вақти Душанбе марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро заминҷунбии 5,7-балла такон дод.

Дараҷаи энеретикии заминҷунбӣ — 2,1 буда, маркази он дар 749 километрии ҷанубу ғарбии Қазоқистон дар жарфои 20 км ҷойгир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0