Нақли профессори араб дар бораи зиндагии бонувони пешқадами Саудӣ

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЖенщины в Мельничной колоннаде
Женщины в Мельничной колоннаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир дар парлумони Арабистони Саудӣ 20 дарсади занҳо фаъолият мекунанд, -гуфт профессори Донишгоҳи Арабистони Саудӣ Фозия Албакр

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Доктори илмҳои ҷомеашиносӣ ва маориф, профессори Донишгоҳи Арабистони Саудӣ Фозия Албакр дар бораи зиндагии бонувони пешқадами кишварраш нақл кард, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.

Ӯ дар чорчӯби муколамае, ки дар мавзӯи "Мавқеи зан дар ҷомеаи Арабистони Саудӣ" дар китобхонаи давлатии Тоҷикистон баргузор шудааст, дар бораи ҳаёту фаъолияти занон гуфтааст.

Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Аз оби Зам-зам то хурмо: Саудӣ тоҷиконро бо фарҳанги худ ошно мекунад

Ба гузориши манбаъ, муколама дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Саудӣ дар Тоҷикистон, ки аз 5 то 9 май ҷараён дошт, ташкил гардида дар он доктори илмҳои ҷомеашиносӣ ва маориф, профессори Донишгоҳи Арабистони Саудӣ Фозия Албакр оид ба мавзӯи мазкур маъруза кард.

Хонум Фозия Албакр оид ба зиндагии занон ва фаъолияти онҳо дар соҳаҳои гуногун маълумоти дода, дар бораи бонувони пешқадами Арабистони Саудӣ нақл кардааст.

"Агар 15 сол қабл бонувони мо танҳо дар соҳаи маориф ва тиб кор кунанд, имрӯз онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, дар бонку ширкатҳо ва тиҷорат дар баробари мардон фаъолият доранд. Имрӯз дар парлумони кишвари мо 20% занҳо ҳастанд"- иброз дошт хонум Фозия Албакр.

Намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, олимон ва рӯзноманигорони тоҷик, дар бораи баробарҳуқуқии зану мард дар Саудӣ, мавҷудияти рӯзномаву маҷаллаҳо барои бонувонсуол кардаанд.

Мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода ба профессор Фозия Албакр китоби "Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон"-ро тақдим кардааст.

Лентаи хабарҳо
0