Домод хушдоману падарарӯсашро корд зад

CC0 / pixabay / Нож в руке, архивное фото
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон домоде падарарӯс ва хушдоманашро корд задааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ  марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони авбошӣ дастгир намуданд. 

"Номбурда, шаби 4-ум ба 5-уми майи соли 2018, тахминан соати 05:40-дақиқа, ба ҳавлии истиқоматии падарарӯсаш, марди 58-солаи сокини шаҳраки Ғончӣ омада, аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати ӯ ва модарарӯсаш, зани 57-сола суханҳои қабеҳ гуфта, бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1-маротиба ба гардани хушдоманаш ва 1-маротиба ба лаби хусураш задааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0