ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Имсол дар чорабинии "Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бештар аз 600 тан иштирок карданд.
Сарфи назар аз он ки чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба нақша гирифта нашуда буд, Шурои ҷанговарону интернатсионалистони Тоҷикистон қарор дод, ки ин чорабиниро баргузор кунад.
Нафароне, ки мехостанд аз гузаштагони худ, ки иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд, ёд кунанд, дар даст акси онҳо ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.
Ҳаракати "Ҳанги ҷовидон" аз маркази шаҳри Душанбе, майдони Дӯстӣ сар шуда, аз он ҷо иштирокдорони маросим то Боғи Ғалаба рафтанд. Чорабини як соат идома кард.
Дар "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон иштирок доштанд, балки ба он пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешуданд.
Дар Боғи Ғалаба иширокдорони "Ҳанги ҷовидон" дар назди Оташи ҷовидон ва ҳайкали ҷанговарони кушташуда гул гузошатнд.
Чорабинӣ бо аксгириву сурудхонӣ ва рақс идома кард.
Ёдрас мешавем, имрӯз ҳамчунин дар Боғи Ғалаба гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор шуд, ки дар он бештар аз 1000 низомӣ иштиро доштанд.
Ҳамчунин дар гузашт 120 низомии пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон иштирок дошт. Гузашти низомиро намояндагони Ҳукумати ҶТ, ҷанговарони ҶБВ, сафирони кишварҳои хориҷа дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон тамошо карданд.