ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Боғи Ғалбаи шаҳри Душанбе ба пешвози кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 9 май раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 — юмин солгарди ғалаба бар фашизм дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт.
"Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.
Мавриди зикр аст, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ба муносибати рӯзи ғалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони Ҷанги Бузуруги Ватанӣ, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузошта шуд.
Хотираи неки қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар Боғи ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.