Аҳмадзода ба аёдати куҳансарбозон рафт ва ба онҳо мукофотпулӣ дод

Обуна шудан
Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳар куҳансарбоз мукофотпулии раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 1500 сомонӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат кардааст, хабар емлдиҳад раобити умумии ҳукумтаи вилояти Суғд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои онҳо ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд.

Смуглянка. Таджикские дети из детского сада №6 Гулшан - Sputnik Тоҷикистон
"Смуглянка" дар иҷрои кӯдакони тоҷик корбарони интернетро ҳайратзада кард - Видео

Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд.

Раиси вилоят Акмалхон Қутбиддинов, Албена Сарапп ва Исмоил Юлдошевро аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом ва хушиҳои рӯзгорро орзу кардааст.

"Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳар кадоме аз шахсони зикршуда туҳфаҳои пулии Раиси вилоят дар ҳаҷми 1500 сомонӣ супорида шуд", — омадааст дар хабарнома.

Дар шаҳри Истаравшан 10 нафар иштирокчиёни ҶБВ ба сар мебаранд.

Пеш аз ин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва Мақомоти вилояти Суғд иштирокчиёни ҶБВ аз шаҳри Истаравшанро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ ва аз номи раиси вилоят ба миқдори 1500 сомонӣ кӯмакпулиҳо тақдим намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0